Ба истиқболи Иди Наврӯз дар Турсунзода мусобиқаи гӯштини миллӣ доир шуд
ТУРСУНЗОДА, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ баргузор шуд, хабар дод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов.
Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво, ки сабзаи наврустаи баҳорон онро боз ҳам рангину зебо гардонида буд, барои тамомошои ҷараёни ин мусобиқаи варзишӣ ҳазорҳо сокинони шаҳри Турсунзода ҷамъ омада буданд. Мусобиқаи гӯштини миллӣ аз қувваозмоии паҳлавонони наврасу ҷавон оғоз ёфта, бо ҳунарнамоии паҳлавонони машҳури шаҳри Турсунзода анҷом пазируфт. Ғолибони мусобиқа бо туҳфаҳои таъсидодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.
Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои писандида миёни мардуми тоҷик маҳсуб шуда, онро бештар дар ҷашнҳои миллӣ барпо мекарданд.
Ҷашни Наврӯзро бе гӯштини миллии тоҷикӣ тасаввур кардан номумкин аст. Мардуми тоҷик, махсусан мардон ба хотири гӯштин ҷашни Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ иштирок карда, ғолибият ба даст меовард, аз миёни мардум маҳбубият пайдо менамуд.
Дар замонҳои пеш Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро дар чунин мусобиқаҳо бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо гӯштин гирифта, қувва месанҷиданд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ ин анъанаҳои наврӯзӣ аз нав эҳё гардида, рушд меёбанд. Имрӯзҳо дар сартосари Тоҷикистон мусобиқаҳои калони гӯштингирӣ баргузор шуда истодаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






