«БАҲОРЗОДААМ, АЙ ОШИҚОН, БАҲОРАМ ХУШ!..». Шоири ҷавони тоҷик Нурӣ Муҳаммади Истам барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри Жола Бадеъ дар Лондон гардид
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоири ҷавони тоҷик Нурӣ Муҳаммади Истам барадаи ҷоизаи Ҷашнвораи XII байналмилалии шеъри Жола Бадеъ гардид. Маросими ҷоизасупорӣ 18 феврал ба таври фосилавӣ дар толори Бурунои Голерӣ, мадрасаи мутолеъоти шарқӣ ва африкоии Донишгоҳи Лондон, SOAS, муштаракан бо институти «Ховари Миёна»-и ин донишгоҳ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур 12 сол боз дар шаҳри Лондон аз тарафи Бунёди байналмилалии Жола Бадеъи Исфаҳонӣ роҳандозӣ мешавад ва 2 соли охир дар он шоирони то синни 30-сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок менамоянд. Соли гузашта дар панҷгонаи даври ниҳоӣ аз кишвари мо Толиб Луқмон, Хуршед Эҳсон, Мафтун Қосим, Шаҳёд Низомова ва Нурӣ Муҳммади Истам роҳ ёфта, Толиб Луқмон барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи 11-уми шеъри Жола Бадеъ гардида буд. Имсол низ миёни шоирони ҷавони то 30-сола 5 нафар довталабон аз кишвари мо — Бузургмеҳри Баҳодур, Шаҳриёр Сулаймонӣ, Родмеҳр Сулаймонӣ, Омина Ҳамроева ва Нурӣ Муҳаммад Истам ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври ниҳоии Ҷашнвораи 12-уми шеъри Жола Бадеъ 200 нафар шоирони ҷавони форсизабон аз Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат варзида, 3 нафар (якнафарӣ аз ҳар кишвар) ғолиб дониста шуданд: Нури Муҳаммад Истам ғолиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пурё Паликон аз Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳасанӣ Ҷаъфарӣ аз Ҷумҳурии Афғонистон. Ба ҳар кадом аз ғолибон лавҳаи барандагӣ (диплом) ва мукофоти пулӣ ба маблағи 500 фунт-стерлинги бритониёӣ (тақрибан 7000 сомонӣ) супорида мешавад.
Муаллим, мусаҳҳеҳ, варзишгар, шоир, ошиқ
Нурӣ Муҳаммади Истам 2 апрели соли 1995 дар рустои Вашани ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, таҳсилоти умумии миёнаро дар макотиби Душанбе гирифтааст. Донишомӯхтаи риштаи муаллимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов буда, феълан мудири бахши тасҳеҳи нашриёти “Маориф”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад.
Аввалин бор ҳамроҳаш соли 2017 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шинос шудам. Навиштаҳову шеърҳояш бароям писанд буд. Вақте фаҳмидам, ки ӯ як нафар муаллими тарбияи ҷимсмонӣ аст ва шеърҳои марғуб ва дилнишин менависад, ба хотирам суханони устод Мирзо Турсунзода расиданд, ки аз минбари кадом як ҳамоиши байналмилалӣ ба забон овадаанд: «Тоҷикон, новобоста аз касбу корашон, табиатан шоир ҳастанд”. Воқеан, вақте касс шеърҳои Муҳаммадро мутолиа мекунад, ба ин бовар мерасад.
Муҳаммад худро шогирди қаламкашони шинохтаи тоҷик Адибаи Хуҷандӣ ва Давлати Раҳмониён медонад.
Табиист, ки ӯ худро дар олами шеър ба василаи ишқ пайдо кардааст. Вақте дар синфи 3 таҳсил мекардааст, духтараки зебову боадабе ба гуруҳи онҳо зам мешавад. Нурмуҳаммади кӯчак ба он духтар дил мебандад ва ба навиштани шеър даст мезанад. Мутаассифона, баъд аз хатми синфи 4 дигар он духтарро намебинад. Ҳамон давраҳо аз нимаи номи худ Нуримуҳаммад, тахаллуси «Нурӣ»-ро сохта, ғазалҳои Ҳофизро комилан аз худ мекарду ба ҷои исми Ҳофиз “Нурӣ” менавишт ва он ғазалҳоро ба он хухтараки дӯстдоштааш мебахшид…
Нурӣ дар 11-солагӣ достонҳои зиёди “Шоҳнома” –ро аз ёд медонист. Дар гузашта аз Мавлонову Ҳофизу Бедилу Сайидо пайравӣ мекард ва бо «назира»-ву «ҷавобия»-ҳо навиштан бар ғазалҳои ин бузургон се — чор сол варақ сиёҳ намуда буд, лекин ҳамаи онҳоро Нурӣ «машқи шеър» меномад. Моҳи июли соли 2016 ӯ аз эълони «Анҷумани машваратии шоирони ҷавони Тоҷикистон» тариқи Facebook огоҳ мешавад. То он замон ба ғайри Адибаи Хуҷандӣ бо шоирони бузургсол шиносоӣ надошт. Бо роҳнамоии Адибаи Хуҷандӣ ба даври минтақавии анҷуман, ки бояд дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, ширкат варзид. Дар баробари дигар шоирони ҷавони пешгом Нурӣ низ ба марҳилаи ниҳоии анҷуман, ба шаҳри Хуҷанд даъват гардид. Баъди бозгашт аз Хуҷанд тасмим гирифт, ки устоди ягона дошта бошад то сари шеърҳояш кор кунад ва фанни шеър биомӯзад. Ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон назди Рустами Ваҳҳоб рафт. Бо мусоидати ӯ Нурӣ ба шогирдии Давлати Раҳмониён пазируфта шуд.
То ҳол китоб чоп накардааст
Шоири ҷавон то ҳол китоби муаллифиашро чоп накардааст. Соли 2017 мехост, ки таҳти унвони «Шароре аз дили оташ» маҷмӯаи аввалини худро ба табъ расонад ва бо ин мақсад назди шоир Давлати Раҳмониён меравад, то аз ӯ маслиҳат гирад.
«Устод бо як оромишу нармӣ гуфтанд, ки “Шумо ҳоло китоб нашр накунед, як — ду соли дигар сабр кунед, баъд боз ба ин мавзӯъ бармегардем”. Садову шеваи гуфторашон чунон буд, ки аз он посух наранҷидам, баръакс хушҳол шудаму аз тасмими худ баргаштам. Он «як — ду сол»-и гуфтаи устод ба панҷ сол тӯл кашид. Баъдҳо вақте аз ман дар бораи нашри маҷмӯаи ашъор суол мекарданд, мегуфтам «саросима нестам, ҳанӯз ҳарфҳоям шеър нашудаанд». Шояд имсол нашр шавад. Ба ҳар ҳол, боз вақт нишон медиҳад. Зимнан, аз ин, ки он замон устоди азизам маро аз тасмимам боздоштанд, беҳад сипосгузорам. Чунки билохира дарк кардам, ки нашри маҷмуъаи ашъор ва ба мухотабон пешниҳод кардани маҳсули эҷоди худ чи қадар аҳамият дорад ва бояд назди виҷдони худ масъулият ҳис кунӣ».
Ғолиби даври шаҳрии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»
Дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ӯ ғолиб омад ва ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфт. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гуфта буд, ки ба шеъри Нурӣ намешавад эрод гирифт.
«Аммо (мунаққид ва адабиётшинос) Абдураҳмони Абдуманнон дар як нишасти адабии ИНТ ба ман фаҳмонд, ки шеъратон монанди шеъри классикии асри XII – XIII аст, — бо лабханд гуфт Нурӣ Муҳаммад. – Намедонистам аз ин баҳо шод шавам ё ғамгин».
«Мулло ё коммерсант?»
Нурӣ Муҳаммади Истам як одати ба назари баъзеҳо «аҷиб» дорад: аломати «сакта» ё «айн»-ро дар навиштаҳояш зиёд истифода мекунад, ҳатто дар вақти гуфтугӯ низ. Агар «аҷиб» гуфтанӣ шавад «ъаҷиб» мегӯяд, агар «азиз» — «ъазиз».
Онҳое, ки аз олами шеъри тоҷикии форсӣ ва махсусиятҳои забони мо огоҳ нестанд, аз ӯ суол мекарданд: «Шумо мулло?». Ва ё: «Шумо коммерсант». Аввалиҳоро мефаҳмид, дуввумиҳоро не, дар ҳар ду ҳолат бо ҳамон лабханди ҳамешагӣ посух медод: «Не, ман як нафар муаллим, ба варзиш машғулам ва кам-кам шеър машқ мекунам».
Баъдтар фаҳмид, ки манзури ононе, ки ӯро «коммерсант» гумон мекарданд, унвони рӯзномаи машҳури Русия «Коммерсантъ Daily»» будааст, ки аксаран дар расонаҳо чун «Ъ» мухтасар ном бурда мешавад…
Дар ин бора худи шоир чунин ҳикоят кард: «Дар гузашта вақте машқи шеър мекардаму онҳоро барои баррасӣ назди устод Давлати Раҳмониён меовардам, ба иштибоҳҳои вазн зиёд эрод мегирифтанду ишора мекарданд ва ман медидам, ки бештарини иштибоҳҳоям ба сабаби надонистани ҷойгоҳи «ъайн» аст. Пас ба омӯхтани он шурӯъ кардам ва албатта ба хатти форсӣ. Дар баробари омӯхтан тасмим гирифтам, ки ҳар куҷо ъайн (ъ) ё ҳамза (ь) меояд, онро дар хатти сирилик ҳамчун «ъ» бинависам. Бо ин роҳ омӯхтам. Баъд дигар аз ин корам даст набардоштам. Чун медидам, ки шоъирони ҷавон ва шуморе аз шоъирони бузургсол низ ба сабаби надонистани ҷойгоҳи ъайн (ъ) дар вазн иштибоҳ мекунанд. Бо шуморе аз шоъирони ҷавон дар мессенҷеру вотсап сари вазну маъниву таносуб ва умуман омӯхтани қавонини шеър кумакҳои беғаразона кардаам ва ба онҳо гуфтаам, ки барои мисол дар нивиштаҳои ман бибинанд, ки куҷо ъайн (ъ) меояд, онро биёмӯзанд. Ҳаминтур ин кори ман танҳо як кумаки холисона ба шоъирон аст».
Дар ҳамин ҷо иктифо мекеунем ва барои исботи ин гуфтаҳо чанд шеъри шоири ҷавонро пешкаши хонандагон – ҳаводорони назм менамоем.
Зебои ЮСУФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии шахсии Нурӣ Муҳаммад
Дар хона бо хиёли ту танҳо гиристам.
Шуд хотироти гумшуда пайдо, гиристам,
Чун пирмарди ъомиву дунёнадидае,
Бисёр пучу содаву беҷо, гиристам.
Ъакси ту тӯи қоби мубойлам ба рӯи ман
Сад бор ханда кард, ман аммо гиристам,
Ҳарчанд гиря кардани мардон дуруст нест,
Хеле бароят, эй гули зебо гиристам.
Уфтода дар кавир шабе дидамат ба хоб,
Туфон шудам ба вусъати дунё гиристам.
Бовар накардам ин ки шудӣ номзад, вале
Бо дидани ъарусият онҷо гиристам.
Дидам, ки рӯзгори ками ман сиёҳ шуд
Чун лолаи дилам, ба сувайдо гиристам.
Маҳруми ъишқи ту шудам, аммо барои ту,
Бо беҳтарин дуъову таманно гиристам.
***
Биё, азизи ман, аз пушти офтоб биё,
Ва ё чу моҳ шабе аз паси саҳоб биё.
Шудаст дидани руят ягона матлаби ман,
Дар интизориям, охир макун итоб, биё.
Ба боргоҳи Худованд рафтаам сад бор
Ба арзи дидани ту лоақал ба хоб! Биё.
Намерасам ба ҳисоби замони зудгузар,
Ҷавониям шуда дар пушти ин ҳисоб! Биё!
Арӯси сол хазонрезу пирзол шудаст,
Занад ба силии борон ба руям об, биё.
Ҳанӯз ҳам шабаҳи пириям басе дур аст,
Вале билохира аз ман равад шубоб, биё,
Румони зиндагиям аз ҳузури туст тиҳӣ,
Биё, ба боби гулобии ин китоб биё.
Ҳазор нома бибастам ба пои шопаракон
Ба ин умед, ки гул мекунад ҷавоб, биё.
Ту ҳам, ки шопараки боғҳои ваҳми манӣ.
Биё, туро бикунам бояд интихоб, биё!
***
Баҳорзодаам, ай ъошиқон, баҳорам хуш,
Ва пушти панҷара борону обшорам хуш.
Ба ман, ки ишваву лабханд дӯст медорам
Мижа ба ҳам задану хандаҳои ёрам хуш.
Намешавад, ки ҷавон буду ъошиқона назист,
Тапидани дили аз ъишқ беқарорам хуш.
Ҷаҳон ки сабз шуд аз фарвадину урдбиҳишт,
Маро табиъати минуии диёрам хуш…
Канор ин ҳама кори ҷаҳон гузору биё,
Ғазал бихон, ки ғазалҳои Шаҳриёрам хуш.
Чаҳор фасл чи бошад? Баҳор монаду бас!
Баҳорзодаам, ай ъошиқон, баҳорам хуш.
***
Баҳор бар ту муборак, ту бар баҳор, ъазизам,
Баҳор бе ту наёяд маро ба кор, ъазизам.
Насими ёси бунафшу сапеду роиҳаи ъишқ,
Ки сездаҳбадар орад ба ин диёр, ъазизам.
Ба дилнавозиву лабханду ъишқу меҳру садоқат,
Биёву ҳар нафасатро ба мо гузор, ъазизам.
Навиди сабзи шаби васлу рузгори хуш овар,
Ман аз Худо дили ту дорам интизор, ъазизам.
Ниёзи ман, ки ту ҳар лаҳза ноз-ноз бихандӣ,
Ба хандаҳои ту мирам ҳазор бор ъазизам.
Нарафтаам бахудо ғайри роҳи ъишқи ту роҳе
Маро ба раҳгузари дигарон чи кор ъазизам?
Илоҳаи дили моӣ, намоди меҳру вафоӣ,
Дилам ба нози ту ҳар лаҳза беқарор, ъазизам.
Ту боғи ёси бунафшӣ, ки ҳар баҳор бигӯям:
Баҳор бар ту муборак, ту бар баҳор, ъазизам.
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
Бадеъ Жола Абулқосим соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо коллеҷи англисиро хатм намудааст. Соли 1945 аввал ба Теҳрон, сипас ба Табрез омада, дар созмонҳои пешқадами занон кор мекунад ва дар мактаби ҳарбии Табрез аз таърихи адабиёти Эрон дарс мегӯяд. Баъди шикаст хӯрдани ҳаракати инқилобӣ дар Озорбойҷони Эрон соли 1947 Жола ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиҷрат мекунад.
“Гулҳои худрӯ” (Теҳрон, 1944) аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯст. Ашъори Жола аз лирикаи гражданию фалсафӣ ва ишқӣ иборат буда, дар мавзуъҳои ҳамдардӣ бо мардуми заҳматкаши Эрон, дар муборизаи онҳо баҳри озодиву баробарӣ, ситоиши инсон, васфи ишқу вафо ва ғайра суруда шудааст. Маҷмўаҳои ашъори Жола бо унвони «Модарон сулҳ мехоҳанд» соли 1956, «Зиндарўд» соли 1964, «Ҳангоми вафодорӣ» соли 1974, «Киштии кабуд» соли 1978 ба ҳуруфи арабӣ дар Душанбе ба табъ расидаанд.
Миқдори зиёде аз ашъори шоира ба озарбойҷонӣ ва русӣ тарҷума шуда, дар маҷмӯаҳои алоҳида дар Боку (солҳои 1950, 1955, 1956, 1958) ва Москва (солҳои 1956, 1960, 1965, 1967, 1970), инчунин дар Лондон ва Париж чоп гардидаанд. Қисме аз осораш дар солҳои 60-70-ум дар маҷаллаи «Сухан» (Эрон) ба табъ расидааст. Жола аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони СССР буд.
Шоира соли 2007 аз олам чашм пӯшидааст. Порсол Иттифоқи нависандагони Тоҷиккистон 100-солагии Жола Бедеъро таҷлил намуда буд.