Барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон Каталин Ева Верешне-Новак

Март 16, 2022 19:28

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Маҷористон муҳтарам Каталин Ева Верешне-Новак барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Маҷористон самимона табрик менамоям.

Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории муфид бо Маҷористон манфиатдор мебошад ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамояд.

Мо хоҳони вусъати бештари ин ҳамкорӣ ва кушодани саҳифаҳои нав дар ростои тавсеаи равобити густурдаи байни ду давлати дӯст ҳастем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар ин самт истифодаи муассир ба амал хоҳем овард. Итминон дорем, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи шарикии мо дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми тарафайн ба пояҳои баландтар бардошта хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Маҷористон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Март 16, 2022 19:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд