БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ. Бори аввал дар ДМТ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид

Март 29, 2022 14:27

ДУШАНБЕ, 29.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 29 март бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бори аввал олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид, ки дар он 60 нафар донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Федератсияи Русия иштирок доранд. 

Тавре мудири маркази иттилоотӣ-таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар дод, имрӯз зимни ифтитоҳи олимпиадаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки таърихи илму фарҳанги халқи соҳибтамаддуни тоҷик саҳифаҳои бузурги таърихи илми башарро ташкил дода, намояндагони ин миллати соҳибтамаддун аз замони дури таърих дар масири рушди илму фалсафа, омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва пажӯҳиши табиату кайҳон саҳми бузург гузоштаанд.

Эълон шудани  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби Пешвои миллат боиси густариш ёфтани  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мегардад.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан илмҳои физикаю математика бештар мушоҳида гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.

Ин аст, ки чанде пеш дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус олимпиадаи 12-уми байналмилалӣ аз фанни математика доир гардид ва дар он донишҷӯёни факултети механикаю математикаи донишгоҳ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯз баъди маросими ифтитоҳи расмии олимпиада дар факултети физикаи  Донишгоҳи миллӣ олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика оғоз гардид.

Тибқи талаботи олимпиада, саволномаҳо бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуда, муҳлати  ҳалли масъалаҳо  чор соат муайян шудааст.

Натиҷаи олимпиада пагоҳ, 30 март эълон мегардад.

 

АКСҲО: ДМТ

Март 29, 2022 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд