ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Варзишгарони тоҷик 6 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март бо баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида буд, ҷамъбаст шуд. Дар рӯзи охирини ин чемпионат велосипедронони тоҷик соҳиби 6 медал ( 2 тилло, 2 нуқра, 2 биринҷӣ) гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рӯзи охири мусобиқа устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд.
Мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Узбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон дастаи Ироқ пирӯз гардид.
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи шашум
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, устодони варзиши велосипедронӣ, 111 км
19-34-солаҳо
- Беҳзодбек Раҳимбоев (Узбекистон)
- Маҳдӣ Албаттаҳ (Ироқ)
- Аҳмад Алрикобӣ (Ироқ)
35-39-солаҳо
- Халид Алӣ Алблушӣ (АМА)
- Алӣ Ҷавод (Покистон)
- Беҳзод Ҳакимов (Тоҷикистон)
40-44-солаҳо
- Вадим Ежаков (Қазоқистон)
- Ромин Худоиев (Тоҷикистон)
45-49-солаҳо
- Александр Игонин (Тоҷикистон)
- Баҳриддин Исомиддинов (Тоҷикистон)
50-99-солаҳо
- Ринат Батиршин (Тоҷикистон)
- Ҷаргал Гавааҷав (Муғулистон)
- Павел Салимов (Тоҷикистон)
Даставӣ, устодон
- Ироқ
- Покистон
- Тоҷикистон
АКСҲО: КМО Тоҷикистон














Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






