Дар Алмаато музокироти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо иштироки ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот доир намуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ муҳокима карда шуданд.
Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба аҳаммияти фаъолияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парламентҳои давлатҳои Иттиҳод муҳим арзёбӣ карданд.
Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, бо ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол дар байни ду давлат дар соли сипаришуда 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2020 ба андозаи 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тақвияти ҳамкории самарабахш дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ, аз қабили саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамроҳи роҳбарон ва аъзои ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар маросими гулгузорӣ дар маҷмааи Шараф, ки дар ҳудуди боғи «28 панфиловчӣ»-и шаҳри Алмаато ҷойгир аст, ширкат намуданд.
АКСҲО: ММ МО ҶТ/АМИТ «Ховар»













Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






