Дар Душанбе Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Март 16, 2022 13:21

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар Душанбе вобаста ба муаррифии Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни ифтитоҳи ҷаласа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта шуд, ки Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 соли  2021 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, тавассути агентиҳои Созмони Милали Муттаҳил,  ба монанди Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), инчунин Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҷамъияти Олмон оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳамзамон дар ҷаласа меҳмонон доир ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ибрози андеша намуданд.

Дар идома аз ҷониби як гурӯҳ мутахассисон доир ба Барномаи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

Дар ҷаласа инчунин  Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон  Мэрлин Йозефсон, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протман, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон  Осама Маккавӣ, роҳбари Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ хонум Наташа Болман ва мутахассисони барномавии ташкилоти хориҷӣ иштирок намуданд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Март 16, 2022 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд