Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» баррасӣ гардид

Март 19, 2022 14:11

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодасозӣ ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо намояндагони ташкилоти швейтсарии CARITAS дар Душанбе барррасӣ гардид.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ  доданд, ки лоиҳаи «Идоракунии обу ҳаво, об ва иқлим» аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии кишвар татбиқ ва аз сӯи Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ маблағгузорӣ мешавад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Баҳодур Шерализода ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода зикр намуданд, ки масъалаҳои техникии лоиҳаи мавриди назар барои таъмини устуворӣ баъди ба анҷом расиданаш муфассал мавриди  омӯзиш қарор дода мешаванд. Инчунин зарурати муайян намудани минтақаҳое, ки лоиҳаи мазкур дар он ҷо самаранок татбиқ мегардад, мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ  масъалаҳои марбут ба омодасозии Ёддошти ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 19, 2022 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд