Дар Хатлон ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Нақши зан дар ҷомеа» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки занони собиқадори меҳнат ва бонувони фаъоли сохторҳои ҳизбӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён изҳор дошт, ки занону модарон дар ҳаёту рӯзгори мо ҷойгоҳи хосса доранд ва эҳтирому арҷ гузоштан ба бузургию хизматҳои беғаразонаашон аз дарозои таърихи пуршебу фароз сарчашма мегирад.
«Модар аст, ки ҳаёт идома дорад ва зиндагӣ бо ҳастии ӯ ранги зебо мегирад. Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадимулайём фарҳанги эҳтиром гузоштан ба модаронро доранд ва то ба имрӯз онро ҳифз кардаанд. Бо дуои модар инсоният месабзад, аз ин рӯ қадру манзалати модар хеле бузург аст. Таълиму тарбияи мо нахуст аз мактаби модар оғоз мегардад. Хеле муҳим аст, то духтарон аз кору пайкори пирони рӯзгордида ибрат бигиранд ва дар ҷомеа пешсаф бошанд, чунки онҳо модарони оянда ва тарбиятгарони фардои насли наврас мебошанд. Мо хурсанд ҳастем, ки қариб нисфи аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро занону бонувон ташкил медиҳанд ва дар сохторҳои ҳизбӣ низ онҳо хеле фаъоланд. Бигзор ҳар рӯзи мо чун рӯзҳои сарсабзи баҳорӣ пур аз шодкомиҳо бошад ва занону модарони сарбаланди мо дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ намоянд»,- гуфт Қиёмиддин Миралиён.



Собиқадори меҳнат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ Саодат Амиршоева аз бузургии зан-модар сухан гуфта, иброз дошт, ки «бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи зан-модар дар ҷомеа баланд гардида, саҳми бонувони соҳибхираду маърифатпарвари тоҷик дар пешрафти тамоми соҳаҳои рӯзгор ба таври назаррас афзоиш ёфт. Имрӯз бе ҳузури занону бонувони нексиришт ва рӯҳи озоду иродаи қавии онҳо даст ёфтан ба комёбиҳои арзанда ногузир аст. Афкори наҷибу одоби ҳамида ва рисолати бузургашон ҳамвора зиндагиро рангу ҷилои тоза бахшида, умедҳои сабзро барои фардои дурахшон тавлид месозад».
«Дар Тоҷикистон зан мақому манзалати хосса дорад. Зан-модар олиҳаи зебоист. Модар бо тавонмандии худ метавонад бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон бидиҳад. Олимону нависандагон ва донишманон низ наметавонанд бузургии модарро бо маънии томаш тасвир намоянд. Зан-модар қудрати бузургтарин корҳоро дорост. Ҳамин аст, ки дар баробари мардҳо онҳо низ дар ҳамаи корҳои ҷамъиятӣ пешсаф мебошанд», – иброз дошт раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Бохтар Тӯтихон Назарова.
Дар ҳамоиши идона шоираи шинохта Офоқи Қодириён дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуд.
Дар идома занону бонувон ва собиқадорони меҳнат бо туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Инчунин дар вазъияти тантанавӣ ба чанд духтаре, ки нав ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Дар қисмати охири ҳамоиш барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.
АКСҲО: КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон











Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






