Дар шаҳри Амстердами Нидерланд Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Март 20, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Амстердам Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия 18 март бо саъйу талош ва ҳамоҳангиҳои муштараки созмонҳои ҷамъиятии тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳамватанон дар Подшоҳии Нидерланд Наврӯзи ҷаҳонафрӯз 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни Нидерланд ва Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода маросими таҷлилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо куҳантарин ҷашни мардумӣ табрик гуфт.

Ҷашнро барномаи фарҳангӣ, таронаҳои дилнишини миллӣ ва намоиши либосҳои миллии бонувони тоҷик зеб доданд.

 

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Март 20, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд