Дар Тоҷикистон хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши санг то ҳол боқӣ мондааст
ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бориши пуршиддати борон дар қаламрави кишвар ва гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ҳамоно хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангро боқӣ гузоштааст. Хатари бештар дар роҳҳои Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб ва Душанбе-Айнӣ ба назар мерасад,-иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар».
Мавсуф афзуд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошими ВМКБ ва ноҳияи Варзоб 3 ҳолати фаромадани тарма ва омадани сел, инчунин 2 ҳолати резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
«Бар асари лағжиши тарма дар қаламрави деҳаи Пошори Ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон як хона пурра ва як хона қисман хароб шудааст. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт. Барои муайян кардани мизони зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад»,-гуфт Умеда Юсуфӣ.
Бар асари резиши санг дар километри 449-уми шоҳроҳи Душанбе-Ванҷ-Хоруғ, ки аз Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ убур мекунад, се нафар кормандони шуъбаҳои ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон захмӣ шуда, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудаанд. Ҳоло корҳои поксозии роҳ аз сангу сангреза идома дорад.
Ҳамчунин дар километри 223-юми шоҳроҳи Душанбе-Лахш, дар наздикии шаҳраки Обчаки Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш резиши санг ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳодиса касе зарар надидааст, паёмадҳои сангрезӣ бартараф шуд ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.
16 март дар километри 354-уми шоҳроҳи Дарвоз-Хоруғ омадани сел боиси баста шудани роҳ гардид. Бо ҷидду ҷаҳди коркунони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.
Дар деҳоти Зарафшон ва Сафедорони Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод бар асари борони шадид сел ва хатари зери об мондани заминҳои кишт ва заминҳои наздиҳавлигӣ пеш омадааст. Барои пешгирӣ кардани ҳолати ба амаломада ситоди ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Бориши боронҳои пуршиддат боиси болоравии сатҳи оби дарёи Ёхсу гардид. Дар натиҷа сел омада, садди чилметраро дар деҳаи Пушиёни Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабови ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шуст. Барои бартарафсозии пайомадҳои ин офат техникаи махсус сафарбар шуда, корҳои соҳилбандӣ идома доранд. Ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, касе зарари ҷисмонӣ надид.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳи мошингард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода қитъаҳои гуногуни роҳҳо аз ҷониби дастаҳои наҷоти зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам назорат карда мешаванд. Ин тадбирҳо дар давраи хавфи рӯй додани ҳодисаҳои фавқулода дар роҳҳое, ки дар натиҷаи тарма ба амал омадаанд, заруранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи аҳолӣ мерасонад, ки дар чунин рӯзҳое, ки хавфу хатари тармаву селу обхезӣ вуҷуд дорад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ намуда, ба ғунучини ҳезум, ҷамъоварии растаниҳои доруворӣ, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 тамос гирифта, кумак пурсанд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: КҲФ/ АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 15 телевизион ва 10 радиои давлатӣ, 16 телевизион ва 25 радиои хусусӣ фаъолият доранд
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-2» ба истифода дода шуд
Дар басти якуми истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 320 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд
Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Вазирони тандурустии давлатҳои аъзои ТУТ масъалаи муқовимат ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд






