Дар Тоҷикистон масъалаи беҳтарсозии ғизо барои солҳои 2021 – 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар шаҳри Душанбе масъалаи беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии мамлакат.
Дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи «Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» намояндагони вазорату идора ва кумитаҳои мамлакат, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Муҳимияти ғизои солим барои инкишофи зарфияти инсонӣ аз нақши марказии он дар ноилшавии Ҳадафҳои Рушди Устувор шаҳодат медиҳад: ҳадди ақал 12-тои ин ҳадафҳо аз нишондиҳандаҳое иборатанд, ки ба ғизо муносибати мустақим доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид. Масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардида, дар рӯзномаи маҷлис дар соҳаи рушди миллӣ мустаҳкам ҷой гирифтанд ва нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ








«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд






