Дар Турсунзода ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 400 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Март 18, 2022 14:43

ДУШАНБЕ, 18.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода  бунёду навсозии 400 иншооти таъйиноти  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  бо  раисони ҷамоатҳои деҳот,  маҳаллаҳо ва дигар фаъолони  шаҳр, ки  17 март баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  хабар медиҳад, ба нақшаи мазкур  дар доираи эълони солҳои 2022-2026  Солҳои рушди саноат  дар шаҳр сохтмони коргоҳу корхонаҳои нави  саноатӣ низ дохил гардид. Дар ин давра  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба дастгирии соҳаи маориф бунёди 500 синфхонаи иловагӣ, инчунин сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири роҳҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва дигар иншооти хоҷагии халқ пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки барои  дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ 427 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ин иншоот 21 ададаш корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки дар онҳо 2083 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Аксҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

 

Март 18, 2022 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид