ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ашт маъракаи ниҳолшинонӣ идома дорад

Март 6, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 06.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарият ва кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ва сокинони шаҳрак 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ширкат варзида, оид ба сабзазоркунӣ, шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз, оғози кишту кори баҳорӣ сухан гуфта, онро анъанаи неки ниёгонамон номид.

Раиси ноҳия кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоевро вазифадор намуд, ки корҳои ободонӣ, ниҳолшинонӣ ва парвариши минбаъдаи ниҳолҳои шинонидашударо зери назорати доимӣ қарор дода, ба корҳои ободонӣ вусъати бештар бахшанд.

 

АКС: МИҲД н.Ашт

 

Март 6, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд