ДАСТИ ЗАН ГУЛ АСТ. Нақши занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ назаррас мебошад

Март 8, 2022 10:32

ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба мусоид намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ замина гузошт, миқдори соҳибкорзанон тамоюл ба афзоиш дошта, шумораи онҳо ба зиёда аз 79 ҳазор нафар баробар аст. Ва ё аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкории мамлакат 23%-ро занону бонувон ташкил медиҳанд.   

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Манзура Барзудӣ иброз дошт, бо мақсади дастгирии соҳибкории занон  «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис дода шуда,  айни ҳол ба Корхонаи Воҳиди Давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуда, фаъолият дорад. То имрӯз аз ҷониби «Саноатсодиротбонк» дар маҷмӯъ ба 264 субъектҳои соҳибкорӣ дар 53 шаҳру ноҳияи кишвар  зиёда аз 400,4 миллион сомонӣ маблағҳои имтиёзноки қарзӣ ҷудо гардидаанд, ки аз он 46 лоиҳаи бонувони соҳибкор ба маблағи 35,6 млн. сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст, ки асосан соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, истеҳсоли лампаҳои каммасраф, истеҳсоли маводи дорувории тиббиро дар бар мегирад.

Манзура Барзудӣ, корманди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ миёни занон фаъолият мекунад. Дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ ба ҳамоҳангсозии сиёсат  ва барномаҳои дастгирии соҳибкории занон, беҳтар намудани заминаи  таҳлилӣ барои ошкор намудани мушкилот дар ин самт, тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ ва тавсеаи дастрасии занон ба донишу малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ, дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ ва замин, дастгирии занони деҳот равона карда шудаанд, гуфт Манзура Барзудӣ ва илова намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, аз ҷумла бонувон ва духтарон ва татбиқу ҷорӣ намудани шакли муосири пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис ва фаъолият доранд.

Имрӯзҳо дар тамоми самту соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт нақш ва саҳми зан–модари тоҷик баръало эҳсос мешавад. Аз ҷумла, занон дар бунёди иншооти азими пойтахт низ ҳиссаи назаррас мегузоранд.

Соҳибкор Моҳира Мирзоева  роҳбарии ширкати сохтмонии «Бухоро Палас»- ро ба уҳда дорад, ки ба бунёди хонаҳои баландошёна дар пойтахт машғул аст.  Бо таваҷҷуҳ ба он ки барои зан-модар роҳбари ширкати сохтмонӣ будан чандон кори саҳл нест, ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки агар иродаву завқ дошта бошед, ягон мушкилоту монеа садди роҳ шуда наметавонад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо соҳибкор Моҳира Мирзоева

«Ростӣ, корамон аз мушкилиҳои ҷиддӣ орӣ нест. Ҳолатҳои мешаванд, ки харидорон наметавонанд сари вақт маблағи хонаро супоранд, бинобар боло рафтани арзиши маҳсулоти сохтмонӣ битон сари вақт ба иншоот намерасад, ки ин таъхир дар корҳои сохтмонӣ мешавад. Ана ҳамин гуна ҳолатҳо ба кори мо таъсири ҷиддӣ мерасонанд, зеро муштариёни мо қабл аз бунёди хона 50% маблағашонро месупоранд ва ҷараёни корҳои сохтмонии моро зери назорат доранд, агар кори мо ба таъхир афтад, эътимоди муштариён коҳиш меёбад»,-гуфт роҳбари ширкати сохтмонии «Бухоро Палас» Моҳира Мирзоева

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки қисмати зиёди корҳояшонро бо сармояи мардум иҷро мекунанд ва ба таъкиди ӯ, агар фоизи қарзи бонкҳо пасттару муҳлаташон дароз мебуд, ҳам барои бонкҳо, ҳам барои ширкатҳои сохтмонӣ ва ҳам барои аҳолӣ хуб мешуд. “Мо мефаҳмем, ки мардум мехоҳанд хона дошта бошанд, вале на ҳама барои ин имконият доранд, талаботи ширкатҳои сохтмонӣ низ пешпардохти 50% маблағи хона аст. Агар қарзи бонкҳо дастрас мешуд, мардум бо пардохти моҳонаи маблағ зудтар соҳиби хона мешуданд”,-  изҳор дошт соҳибкорзан Моҳира Мирзоева.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки болои тарҳи азиме кор карда истодааст ва тибқи нақша, ният дорад дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шаҳрчаи махсусеро бо иншооти комилан бузургу тарҳи миллӣ бунёд намояд, ки аз дигар маҳаллаҳо фарқ кунад. Гузашта аз ин бо ин тадбир мехоҳад нишон диҳад, ки занҳо низ ба корҳои бузург қодиранду ҳиссагузор. Зиёда аз ин, дуруст гуфтаанд: «Дасти зан гул аст».  Ва боз: «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад».

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

 

ДАР АКСИ БОЛО: Мунира Мирзоева, кӯчарӯби Душанбе, ки ҳамчун бонуи меҳнатдӯст ва гулпарвар дар саросари олам ном баровардааст. Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Март 8, 2022 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» 1783 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд
Маблағи грантҳои президентӣ вобаста ба арзиши лоиҳаҳои пешниҳодшуда ҷудо мегардад
Ҷарроҳони чинӣ наврасонеро, ки бемории нуқсони модарзодии дил доранд, ройгон ташхис менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ кам шудаанд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон риоя нашудани қонуни танзим 255 ҳолат камтар сабт гардидааст