Форуми III байналмилалии Душанбе Наврӯзро ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ намуд

Март 21, 2022 16:07

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари  робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Дар Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони кишварҳои  узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода дар маросими ифтитоҳи Форуми III байналмилалии «Наврӯзи Душанбе -меҳвари робитаҳои  фарҳангию сайёҳӣ» иштирокдоронро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуд.

Ҳамзамон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода ва мушовири бахши Ёрдамчии  Президенти Чумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода суханронӣ намуда, иштирокдоронро бо ҷашни ҷаҳонии Наврӯз шодбош гуфтанд.

Ҷамшед Табарзода иброз дошт, ки Форуми байналмилалӣ бори сеюм аст, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузор карда мешавад ва мақсади асосии он ташвиқу тарғиби арзишҳои созандагии ҷашни байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати точик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ мебошад.

Зикр шуд, ки бо заҳмату талош ва ташаббуси  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи   ёдгории ғайримоддии  фарҳангии башарият  дохил карда шуда, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор давлатҳои ҷаҳон, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид ва ин ҷашни бостонӣ ҳамасола дар саросари ҷаҳон бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардид, ки ҷашни Наврӯз тавассути сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳанпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид ва мардуми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари Наврӯз ва Ватани Наврӯз мешиносанд.

Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои  писандидаи ҷаҳониён буда, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ  пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накукорӣ, хуррамию хушҳолӣ, шодмонию нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури  олам аст.

Ҳамчунин дар Форуми байналмилалӣ муовини Раиси  шаҳри Клагенфурти Австрия, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст,   Алонс Долинар, муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, инчунин донишмандони тоҷик доир ба таърихи пайдоиши ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, арзишҳо ва суннатҳои  волои наврӯзӣ ва дигар паҳлӯҳои ин ҷашни байналмилалӣ ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани  Наврӯз яке аз кишварҳои ташаббускор буда, саҳми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу нигаҳдошти  ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини хусравонӣ бориз аст.

Форуми банйлмилалӣ дар ду бахш: «Наврӯз мероси фарҳангию сайёҳӣ» ва «Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ  ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» идома ёфта, олимону муҳаққиқон  ва коршиносону таърихнигорон бо маърӯзаҳои илман асоснок доир ба таъриху анъанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, арзишҳои маърифатии умумибашарии он ва моҳияти меҳварии Наврӯз маърӯза намуданд.
Дар интиҳо аз ҷониби иштирокдорони Форум санади ниҳоӣ қабул карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории Форуми мазкур дар пойтахти кишвар дар ҳолест, ки шаҳри Душанбе бо дарназардошти имкониятҳо ва муваффақиятҳо доир ба рушди сайёҳӣ тибқи назарсанҷиҳои  Агентии иттилоотии «Турстат»-и Русия  ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои ИДМ  ва даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои сайёҳат ва сафари шабона дар Соли нав арзёбӣ гардидааст.

  АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2022 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд