Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор гардид

Март 12, 2022 10:04

ДУШАНБЕ, 12.03.2022  /АМИТ «Ховар»/. 11 март Форуми соҳибкорӣ оид ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Форуми мазкур  бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа роҳандозӣ гардад.

Ҳадафи форуми мазкур дар амал татбиқ намудани тафоҳумҳои ба даст омада зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин оид ба густариши ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар буд.

Аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи андоз ба ширкатҳои чинӣ имконияти сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

Дар форум ҳамчунин аз ҷониби ширкатҳо лоиҳаҳои мушаххас муаррифӣ гардида, миёни онҳо муколама доир гардид.

Дар форуми мазкур, ки дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ доир гардид, Сафири Тоҷикистон дар Чин, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии Чин оид ба ислоҳот ва рушд, Котиби генералии Ассотсиатсияи рушди корхонаҳои чинӣ дар хориҷа, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ ва ширкатҳои Тоҷикистону Чин, дар маҷмӯъ 150 нафар иштирок намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

 

Март 12, 2022 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд