Имрӯз — Рӯзи байналмилалии дарёҳо. Барномаи навбатии «Сарват»-и Радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 14.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар бештари кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо, ки қаблан ҳамчун Рӯзи байналмилалии зидди сарбандҳо, барои дарёҳо, об ва ҳаёт маъруф буд, таҷлил мегардад. Он дар ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии зидди сарбандҳо низ машҳур аст, ки бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии амрикоии «Шабакаи байналмилалии дарёҳо» дар тақвими санаҳои экологӣ пайдо шудааст. Моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия Конфронси якуми байналмиллалии зидди сохтмони сарбандҳои калон баргузор гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол 14 март Рӯзи мубориза бо сарбандҳо дар ҳифзи дарёҳо, об ва ҳаёт таҷлил шавад. Шиори он “Барои дарё, об ва ҳаёт” эълон гардид.
Дарёҳо ҷузъи асосии ҳаёти мо буда, таъминкунандаи аҳолӣ бо об мебошанд. Яке аз омилҳои интихоб намудани макони зисти мувофиқ дар манотиқи ҷаҳон маҳз мавҷудияти дарёҳо дар ин маконҳо мебошад. Пас зарур аст, ки ҷомеаи ҷаҳон дар баробари дигар сарватҳои табиӣ, дарёҳоро низ чун воситаи асосии нигоҳдорандаи ҳаёт дар рўйи замин ҳифз намояд. Конфронси якуми байналмиллалии зидди сохтмони сарбандҳои калон (моҳи марти соли 1997), ки намояндагони 20 мамлакатро муттаҳид намуда буд, дар назди аҳли ҷомеа вазифаи муҳим, инкишоф додани усулҳои демократии идораи ҳавзаи дарёҳоро гузошт. Барои муҳаққиқон дарёҳо омили фароҳамоварандаи шароити зиндагонӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ маҳсуб мешаванд.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба аҳамияти дарёҳо дар ҳаёти инсон ва ҳифзи онҳо имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”-и радиои “Ховар” бо иштироки сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»