Кишоварзони Тоҷикистон имсол дар майдони 186 ҳазор гектар чигит кишт мекунанд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани Наврӯз дар Тоҷикистон кишоварзон ба парвариши кишти пунбадона оғоз мекунанд. Имсол тибқи дурнамо дар майдони 186 ҳазор гектар чигит кишт карда мешавад, иттилоъ дод сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Туйчизода ба АМИТ «Ховар».
Ба андешаи олимони соҳаи кишоварзӣ, пунбадона вобаста ба вазъи ҳаво дар ноҳияҳои мамлакат парвариш карда мешавад. Бояд ҳарорати хок аз 8 дараҷа боло бошад, то чигит дар зери хок напӯсад.
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар майдони 191 ҳазор гектар чигит кишт гардида буд. Имсол майдони кишти чигит нисбат ба соли гузашта 5 ҳазор гектар кам мебошад. Соли 2020 дар майдони 186 155 гектар кишти чигит гузаронида шуда буд, ки нисбат ба соли пеш (2019) 484 гектар зиёд буд.
Дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров зикр намуд, ки чигит бояд дар муддати 8 ё 10 рӯз аз замин неш зада барояд. Агар муҳлати барориш тӯл кашад, масалан то 15 ё 20 рӯз, дар ин ҳолат чигит пӯсида, ба касалиҳои гуногун гирифтор мешавад.
Ба гуфтаи мавсуф, яке аз шартҳои асосии рӯёнидани ҳосили хуби пахта- ин интихоби дурусти навъи чигит мебошад. Барои кишт бояд ҳамон навъҳое интихоб шаванд, ки минтақабоб бошанд, нисбатан тезтар пухта расанд, ҳосили баланд ва сифати хуби нах низ дошта бошанд. Инчунин шарти дигаре, ки марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар равона менамояд, ин риояи муҳлати кишти чигит мебошад. Солҳои охир кишоварзони мамлакат кӯшиш менамоянд, ки муҳлати кишти чигитро барвақттар оғоз намоянд. Агар муҳлати кишти пунбадона барвақт оғоз шавад, ин сабаби кишти такрорӣ мегардад.
Солҳои охир тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзӣ пайомади манфӣ ба бор меорад. Зикриёхон Ҳайдаров бар он назар аст, ки мо набояд аз ин тағйирот ҳаросем, балки баръакс ба он бояд мутобиқ гардем. Барои мутобиқ гардидан ба тағйирёбии иқлим олимони моро зарур аст, ки дар самти офариниши навъҳои устувору ба ҳарорати баланд тобовар селексия офаранд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби олимони кишоварз навъҳои ватании Сорбон, Хуҷанд-67, Шарора 10-20, Тоҷикистон, Флора, Кармен, Намангон, Ҳисор, Истиқлол, Суғдиён-2 ва ғайра истеҳсол ва минтақабоб гардонида шудаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2025» доир мегардад
Дар саммити COP-30 ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
«THE INVESTOR 2025». Ин маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ оид ба Тоҷикистон шумораи махсус чоп намуд
«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
Кишоварзон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузарониданд
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 131 ҳазор тонна сабзӣ ҷамъоварӣ карданд
Тоҷикистон ва Фонди Қатар оид ба рушд масъалаи густариши ҳамкориро баррасӣ карданд
Дар шаҳри Вашингтон Бизнес-Конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид
Дар соҳили дарёҳои шаҳри Ваҳдат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад






