Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти гурезаҳо баланд арзёбӣ кард

Март 17, 2022 16:31

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Комиссари Олии  Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо  Филиппо Гранди ва ҳамроҳони ӯ вобаста ба ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумак ба онҳо мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни мулоқот зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Комиссари Олии  Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо  Филиппо Гранди иброз дошт, ки ин аввалин сафари ӯ ба ҳайси Комиссари Олии  СММ оид ба гурезаҳо ба Тоҷикистон аст. Қаблан ба Тоҷикистон  соли 2000 ташриф оварда, аз пазироӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик шарафёб гардидааст.

Мавсуф дар идомаи суҳбат иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти қабулу ҷобаҷокунии гурезаҳо баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуд.

Ҳамчунин Филиппо Гранди аз иқдомҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бешаҳрвандӣ изҳори хушнудӣ кард.

Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд ибрози боварӣ намуданд.

 

АКС: ВКД ҶТ

Март 17, 2022 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид