Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд

Март 14, 2022 10:38

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз  намуданд, ки санади мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ҷиҳати то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо таҳия гардидааст.

Дар лоиҳаи мазкур аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод намудани қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, барои зиёд намудани майдони тутзор, ки ба рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занону бонувон имконият медиҳад, пешбинӣ шудааст.

Инчунин бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, иситфодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод карда мешаванд.

Дар баробари ин он ҷиҳати иҷрои банди 16 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи   соли 2022 вобаста ба пешгирии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозии ширкатҳо тавассути бозбинии талаботи қонунгузорӣ ва дароз намудани муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва вакили мардумӣ Азиз Гиёзода иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ҷиҳати озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо вобаста ба воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо ворид карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

                                                                       

АКС: МН МО ҶТ

Март 14, 2022 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд