Маҷлиси намояндагон ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, ки санади мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, ҷиҳати то 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани замини тутзор ва аз пардохти андозҳо озод намудани шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла, истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, инчунин аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо таҳия гардидааст.
Дар лоиҳаи мазкур аз пардохти андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ озод намудани қитъаҳои замине, ки барои тутзор истифода мешаванд, барои зиёд намудани майдони тутзор, ки ба рушди соҳаҳои пиллапарварӣ, шоҳибофӣ, атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занону бонувон имконият медиҳад, пешбинӣ шудааст.
Инчунин бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, иситфодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз озод карда мешаванд.
Дар баробари ин он ҷиҳати иҷрои банди 16 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2022 вобаста ба пешгирии аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозии ширкатҳо тавассути бозбинии талаботи қонунгузорӣ ва дароз намудани муҳлати даъво барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозӣ пешбинӣ шудааст.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва вакили мардумӣ Азиз Гиёзода иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, бо мақсади истифодаи самараноки иқтисоди сабз, истифодаи васеи манбаҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ҷиҳати озод намудани воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз таҳия гардидааст.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо вобаста ба воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо ворид карда мешаванд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
АКС: МН МО ҶТ








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






