МОДАРИ ЧИРАДАСТ. Дар Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ эҳё мешаванд

Март 23, 2022 11:45

МУЪМИНОБОД, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (2019-2021) ва эҳёю  рушд ёфтани  ҳунарҳои мардумӣ  то имрӯз дар шаҳру деҳоти мамлакат даҳҳо  мактаби  ҳунармандон боз  шуда, аксари занону  духтарон  ба  дӯхтани куртаҳои чакан ва зардӯзӣ шурӯъ намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ҳоло занони пиронсол низ ба чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва қуроқбофӣ машғул буда, маҳбуби аҳли ҷомеа гаштаанд.

Сокини ноҳияи Муъминобод Сайёрамо Абдуллоева яке аз занони чирадасти машҳури ноҳия ба шумор рафта, айни ҳол дар синни 74- солагӣ ба дӯхтани куртаи арӯсӣ, рӯйпӯши гаҳвора, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, ҷомаи мардона, тоқии чакан  ва болишту кӯрпа машғул буда, ба шогирдони зиёде касб омӯзондааст. Имрӯз духтарон, келин ва наберагон ҳунари модарашонро омӯхта, мустақилона ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Тавре Сайёрамо Абдуллоева иброз дошт, то инҷониб зиёда аз 200 адад либосҳои зардӯзӣ ва куртаҳои гуногуни чакан  дӯхта, дар чандин чорабиниҳои фарҳангии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ифтихорномаҳо гаштааст.

Ин зани пиронсоли чирадаст тасмим гирифтааст дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар намоишҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, ҳунари худро ба мардум нишон диҳад.

Аз суҳбати ин зани рӯзгордида  маълум гардид, ки ӯ ба ғайр аз дӯхтани либос ба пухтани нон ва хӯрокҳои миллӣ низ машғул буда, имрӯзҳо маҳбуби аҳли маҳалла мебошад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд