Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш

Март 5, 2022 17:26

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Бо камоли хушнудӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми онро ба муносибати 30-солагии узвият дар Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.

2 марти соли 1992 барои Созмон санаи махсус ба ҳисоб меравад, чунки маҳз ҳамин рӯз тақрибан 5 фисади кишварҳои ҷаҳон ба СММ узвият пайдо карданд

Дар давоми се даҳсолаи охир мо дар роҳи таъмини сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон шарикии боз ҳам зичтар барқарор кардем. Тоҷикистон ҳамчун як кишвари ҷонибдори низоми бисёрҷониба, пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Итминон дорам, ки дар даврони барқароршавии пас аз ҳамагирии COVID-19, мо дар якҷоягӣ метавонем ба сӯи ҷомеаҳои боз ҳам устувор ва одилона раҳсипор гардем.

Мо метавонем, тавассути ҳамбастагӣ, ягонагии ҳадафҳо ва рӯҳияи нави муколама, созиш ва мусолиҳа, бо мушкилоти мавҷуда истодагарӣ кунем ва ба ормони аслии Созмони Милали Муттаҳид-сулҳ, шукуфоӣ ва ҳуқуқи инсон барои ҳама ноил шавем.

Бори дигар барои дастгирии Созмон дар давоми се даҳсолаи охир миннатдорӣ намуда, умед дорем, ки дар солҳои минбаъда ҳамкориҳоямон боз ҳам мустаҳкамтар мегарданд».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерреш омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии Шуморо ба муносибати 30-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо камоли мамнуният дарёфт намудам.

Боиси тазаккур аст, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ростои муаррифии комили истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими минбаъдаи ҷойгоҳи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши арзишманд дошт.

Дар ин давра кишвари мо дар ҳамкорӣ бо Созмон дар роҳи иҷрои ҳадафҳои муштарак, ба монанди пойдории сулҳу амонӣ дар Сайёра, рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо, мусоидат ба ҳалли мушкилоти байналмилалӣ ва таъмини эҳтироми ҳуқуқи инсон тадбирҳои амалӣ андешидааст.

Мо саҳми арзандаи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои сохтории онро дар умури байналмилалӣ, бахусус истиқрори сулҳу субот, аз ҷумла дар Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.

Кишвари мо аз ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва дастрасӣ ба минбари ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати муаррифии ташаббусҳои созанда ва дарёфти ҳадафҳои ҷаҳонии худ изҳори қаноатмандӣ менамояд.

Мо омодаем, минбаъд низ ба ҳамкориҳои судманди худ бо Созмони Милали Муттаҳид идома диҳем ва дар ростои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саҳми босазо дошта бошем».

Март 5, 2022 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик