ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 16-19 март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад

Март 16, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16-19 март дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи обу ҳаво боқӣ монда, дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳӣ бориши  борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ   боридани борону барф пешгӯӣ мешавад, инчунин 18-19 март дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

18 март дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) бориши пуршиддат ва раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. 17 март дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин 18 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-15 дараҷа дар назар аст.

16-18 март дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳии  НТҶ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва водигии вилояти Хатлон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Лахш, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Варзоб, Айнӣ-Панҷикент хавфи сар задани зуҳуроти сел боқӣ мемонад.

Дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ғарби ВМКБ, инчунин  дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе–Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Ҷилондӣ хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Дар дарёҳои Ёхсӯ-Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, шохобҳои ҳавзаи дарёи Вахш (ноҳияҳои Тавилдара, Рашт, Нуробод, Роғун, Норак ва Ёвон) баландшавии сатҳи об боқӣ мемонад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 16, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд