Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Пойтахти нави маъмурии Миср боздид ба амал оварданд

Март 11, 2022 14:50

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср аз Пойтахти нави маъмурӣ — маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пойтахти нави маъмурӣ- маркази Ҷумҳурии нав муаррифӣ карда шуд.

Сохтмони шаҳр соли 2016 оғоз ёфта, бо суръати баланд идома дорад. Шаҳр новобаста аз он ки асосан барои биноҳои маъмурии пойтахти нав пешбинӣ шудааст, ҷойгир намудани ҳудуди 7-10 миллион нафар аҳолӣ дар он дар назар аст. Масоҳати умумии шаҳр тақрибан 688 километри мураббаъ аст.

Пойтахти нав аз ҷиҳати маъмурӣ ба 20 ноҳияи гуногун тақсим шудааст, аз ҷумла ноҳияи биноҳои ҳукуматӣ, шаҳраки молия ва тиҷорат барои бонкҳо ва ширкатҳои хусусӣ, шаҳраки санъат ва фарҳанг, шаҳраки байналмилалии олимпӣ, шаҳраки дониш ва дарёи кабуд ва шаҳраки дипломатӣ.

Аз ҳозир баъзе чорабиниҳои муҳими давлатию байналмилалӣ ва баъзан маҷлисҳои Ҳукумати Миср дар пойтахти нав гузаронида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки Пойтахти нави маъмурӣ- маркази Ҷумҳурии нави ояндаи Арабии Мисри Араб дар вилояти Қоҳира ва дар масофаи тақрибан 70 км дар самти шарқ аз пойтахти кунунии кишвар-шаҳри Қоҳира ва 65 км аз соҳили баҳри Сурх қарор дорад.

Зарурати бунёди ин шаҳрро зичии аз ҳад зиёди аҳолии пойтахти кунунии кишвар ба миён овардааст, зеро дар ҳудуди он зиёда аз 30 млн. нафар зиндагӣ мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нави маъмурии Ҷумҳурии Арабии Миср ба кишвари дӯст шукуфоӣ ва ба мардуми Миср комёбиҳо орзу карданд.

Боздид аз Пойтахти нави маъмурии Миср 11.03.2022

 

Март 11, 2022 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд