Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд

Март 10, 2022 20:21

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар шаҳри Қоҳира бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дар дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ изҳор доштанд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, бахусус нассоҷӣ, дорусозӣ, коркарди нахи пахта ва чарм, истихроҷу коркарди маъданҳо, сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо аз самтҳои ояндадору барои ҷонибҳо судовар номида шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, ҳамкории байнибонкӣ, амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, рушди сайёҳӣ, саноати дорусозӣ ва дигар самтҳо табодули афкор намуданд. Рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг, тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву гуманитарӣ ба мисли тандурустӣ, дорусозӣ, кор бо ҷавонон, таҳкими робитаҳо миёни воситаҳои ахбори оммаи ду кишвар ба манфиати кор номида шуд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ 10.03.2022

Март 10, 2022 20:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд