Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «The Rumi Hotel and Residences»-ро ифтитоҳ карданд

Март 17, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Меҳмонхонаи «Румӣ ҳотел энд резиденс»-ро (The Rumi Hotel and Residences) мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Меҳмонхонаи замонавии 4 ситорадор дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шуда, дорои 84 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ барои 168 нафар мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар меҳмонхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди иншооти муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи замонавӣ дар пойтахт беш аз 50 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳадаф аз бунёди меҳмонхонаи 4 ситорадор боз ҳам мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе буда, бо ин восита ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ дар сатҳи баланд хизмат расонида мешавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон ғизоҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад. Дар меҳмонхонаи нав имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 200 мизоҷ хизмат расонда шавад.

Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавӣ 4 ҳазору 176 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бо дарназардошти имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи мазкур 3 толори маҷлис барои баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун бо шароити арзанда мавҷуд аст.

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи “The Rumi Hotel and Residences” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17.03.2022

Март 17, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд