Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии «Кафолат»-ро ифтитоҳ намуданд

Март 17, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат»-ро ифтитоҳ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия — соҳибкори ватандӯст Исматулло Исоев бунёд гардид.

Дар бинои иловагии таълимӣ ҳамагӣ 18 синфхонаи таълимӣ ҷойгир шудааст. Бино бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардидааст.

Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав танҳо таҳсили хонандагони зинаи ибтидоии таҳсилот — синфҳои 1 то 4 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ошхона барои 290 ҷойи нишаст ҷойгир шуда, дар он барои хонандагони муассиса беҳтарин шароит фароҳам аст. Ошхонаи муассиса бо нақшу нигори миллӣ ва санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино беш аз 100 адад гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Роҳбарияти муассиса дар шафати бинои иловагии таълимӣ сохтмони майдончаи варзишии болопӯшидаро оғоз намудаанд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории таълимгирандагони гимназия қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» якуми сентябри соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, раванди таълиму тарбия тибқи оиннома бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи равияи ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.

Давоми солҳои 2015-2022 хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 7 медали тилло ва аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ 19 медали тилло ба даст овардаанд.

Тӯли 5 соли охир хонандагони гимназия дар озмунҳои дарёфти Стипендияи Президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, то имрӯз 11 нафар ба гирифтани Стипендияи Президентӣ ва 17 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд.

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 17.03.2022

Март 17, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик