Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант корхонаи истеҳсоли хиштро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар шаҳри Левакант Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калонтарин корхонаи истеҳсоли хиштро дар вилояти Хатлон, ки фаъолияташ пурра тариқи хатҳои нави технологӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона аз ҷониби муассисони Корпоратсияи “Салтанат” ба хотири саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуда, дар ин ҷо бо назардошти фаъолияти мунтазам дар бахши истеҳсолӣ, истихроҷи ашёи хом, фурӯши маҳсулоти тайёр ва дигар самтҳои ёрирасон зиёда аз 650 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Технологияи корхона асосан истеҳсоли ширкати бонуфузи “БРИКТЕК” (BRICTEC)-и Италия буда, ҷавобгӯи меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад ва дар бештари кишварҳои дунё дар омодасозии хишти сохтмонӣ аз ҳамин гуна дастгоҳу таҷҳизоти пешрафта истифода мебаранд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз лиҳози иқтидор ва имконияти технологӣ дар вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли хишти пухта назир надорад.
Дар ин корхона дар як сол имкони истеҳсоли зиёда аз 30 миллион дона хишт мавҷуд буда, ашёи хом асосан аз масофаи начандон дур дастрас карда мешавад. Дар оянда ҷиҳати таъмини пурраи талаботи ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ бо хишти сохтмонӣ мавҷудияти захираи бузурги ашёи хом шароити мусоидро фароҳам меорад ва тавре маълум аст, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ҳам аз дастрасӣ ба ашёи хом вобастагии зиёд дорад.
Бартарии корхонаи нав дар он аст, ки маҷмуи таҷҳизот дар асоси дастовардҳои муосири техникии соҳа, аз ҷумла бо истифода аз технологияи Италия ва Ҷопон интихоб ва васлу насб карда шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми муассисон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар раванди истеҳсолот бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонида, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.
Дар маҷмуъ дар се корхонаи истеҳсолии Корпоратсияи “Салтанат”, ки дар ин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, 1200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






