Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд

Март 17, 2022 18:30

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои такмили бештари заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ табодули андеша карданд.

Вобаста ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар ин кишвар гардиданд, пешниҳод шуд, ки робитаҳои кории судманд ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми Афғонистон идома дода шаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандӣ 17.03.2022

Март 17, 2022 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд