Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд

Март 21, 2022 10:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Майдони маҷмааи варзишӣ 6 гектар, ҷойҳои нишаст дар варзишгоҳ 15 000 адад ва маблағи сохтмон 36 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бинои варзишгоҳ 3 ошёна буда, дар он барои варзишгарон ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳои духтурон ва маъмурият, инчунин дигар иншооти ёрирасон мавҷуд аст.

Дар маҷмааи варзишӣ барои духтарону писарон толорҳои алоҳидаи машқу тамрин бунёд шудаанд.

Дар рафти бунёди варзишгоҳ 100 нафар сохтмончӣ бо кори муваққатӣ ва баъди мавриди истифода қарор додан 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Маҷмааи варзишӣ аз як даромадгоҳи марказӣ ва 5 даромадгоҳи иловагӣ иборат мебошад. Масоҳати майдони футбол 118 бар 72 метрро ташкил дода, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Дар ин маҷмааи муосири варзишӣ ҳамчунин имкон аст, ки дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ гузаронида шавад.

Аввалин чорабинии идона – таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат буд, ки бо иштироки шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21.03.2022

Март 21, 2022 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»