Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе «Кохи Олимп»-ро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии «Кохи Олимп»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Толори варзишии «Кохи Олимп» дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.
Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед-дара» бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.
«Кохи Олимп» аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар таҳхонаи бино бахши техникӣ ва дар ошёнаи якум аз ду ҷониб чор ҳуҷраи либосивазкунии алоҳидаи замонавӣ барои мардону занон ва ҳаммом барои 15 нафар мавҷуд аст.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толор барои меҳмонони воломақом, толори машқу тамрин дар риштаи гуштин ва бокс, ҳуҷраи кори доварон ва шореҳони варзиш мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Толори варзиши бадан низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.
Зимни боздид аз шароиту имконияти «Кохи Олимп» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти махсуси варзишӣ аз кишварҳои Аврупо ворид карда шуда, ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ аст.
Дар толори варзишии «Кохи Олимп» 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарони пойтахт таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






