Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Юн Сок Ёл барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Корея самимона табрику таҳният мегӯям.
Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем.
Кишвари Шумо дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва соли равон мо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиамонро, ки ба 27 апрел рост меояд, ҷашн мегирем.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея омодагии ин ҷонибро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн иброз менамоям.
Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои ҳасанаи ду кишвари ба ҳам дӯст минбаъд низ дар маҷрои рушду тавсеа идомаи нек пайдо карда, натиҷаҳои самарабахш ба бор хоҳанд овард.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва дар пешбурди фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






