Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Ваагн Хачатурян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Ваагн Гарникович,
Ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Арманистон ба Шумо табрику таҳнияти самимӣ ва таманниёти неки худро мерасонам.
Тоҷикистон ва Арманистонро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда бо ҳам мепайванданд.
Итминон дорам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон минбаъд низ тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам дар ин ҷода якҷоя бо Шумо саъю талошҳои лозимаро ба харҷ диҳам.
Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Ваагн Гарникович, сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳ, шукуфоӣ ва некӯаҳволӣ орзу менамоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






