Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) бахшида ба 30-солагии Ассамблея иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси АБ ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сурат гирифт.
Дар кори ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ ҳамчунин Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Сенати Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Меҷлиси Милли Генгеши Туркманистон ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.
Нахуст иштирокчиёни ҷаласа масъала «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро муҳокима ва изҳороти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул карданд.
Аъзои Шӯрои АБ ИДМ оид ба санаи муҳими 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентӣ андешаронӣ карда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентиро дар доираи созмон зарур шумориданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ иброз доштанд, ки дар тӯли 30 сол АБ ИДМ муҳимияти нақш ва афзалияти худро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарламентӣ собит намуд ва имрӯз ҳамчун сохтори босамари байнипарламентӣ эътироф гардидааст.

Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки «Тоҷикистон ба фаъолияти АБ ИДМ аҳамияти хос дода, палатаҳои Маҷлиси Олӣ ҳамкории густурдаро бо сохторҳои Ассамблея ба роҳ мондаанд.
Дар ин давра мо сиғаи Ассамблеяро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдошт ва таъмиқи робитаҳои тарафайни дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии ИДМ фаъолона истифода намудем».
Дар ҷараёни кори ҷаласа оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи он мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ/АМИТ «Ховар»













Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






