Сергей Лавров: «Монеаи асосӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати толибон нокифоягии ҳамашумулии он мебошад»

Март 31, 2022 13:20

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Монеаи асосӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати толибон дар Афғонистон нокифоя будани ҳамашумулии он мебошад. Дар ин бора имрӯз, 31 март, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон (Русия, Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон) изҳори назар намуд. Нишаст дар Пекин ҷараён дорад.

«Ба назари мо, монеаи асосӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати нав дар Кобул нокифоя будани ҳамашумулии он боқӣ мемонад. Ман дар қудрат ҳузур надоштани он нафаронеро дар назар дорам, ки на танҳо манофеи қавмҳои мухталифи кишвар, ақаллияти миллӣ ва конфессионалӣ, балки неруҳои сиёсиро низ намояндагӣ мекунанд», — гуфт вазири корҳои хориҷии Русия.

«Ҳангоми иҷро шудани ин шартҳо нақши ҳалкунанда дар масъалаи эътирофи расмии ҳаракати «Толибон»* бояд ба СММ мансуб бошад», — таъкид кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Чин нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба кори худ шурӯъ кард. Ҳайати Тоҷикистонро Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён роҳбарӣ мекунад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, дар нишаст масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бармеоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

_______________________

 * Ҳаракати «Толибон» дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст

Март 31, 2022 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд