«ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР БОЯД КУНЕМ!». Муаллифи ин мисраҳо, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб имрӯз ҷашни зодрӯз дорад

Март 16, 2022 09:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Шоири халқии Тоҷикистон, соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ҷашни зодрӯз дорад. Устод воқеан ҳам инсони шариф, ватандӯсту хештаншинос, донишманду бозаковат, соҳибмалакаву хушзеҳн, бофарҳанг, ботамкин, нексиришту накӯхислат, нуқтасанҷу нуқтадон ва самимиву содиқ дар хизмати халқу Ватани хеш буда, ҳамчун инсони комил рисолати аслии хешро дарёфтааст.

Шоир Муҳаммад Ғоиб 16 марти соли 1954 таваллуд шуда, соли 1977 факултети физикаю метематикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Муҳаммад Ғоиб баъди хатми донишкада соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб ба фаъолият шурӯъ карда, аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар ин минтақа буд. Номбурда аз соли 1990 то соли 1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб, аз соли 1995 то соли 1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, аз соли 1997 то соли 2000 –ум раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 –ум то соли 2004 муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон, аз соли 2004 то соли 2008 директори Киностудияи «Тоҷикфилм» аз соли 2008 то 2012 директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва сармуҳаррири рӯзнома «Ҷумҳурият» фаъолит намудааст.

Устод соли 1981 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС гардид.

Шоир Муҳаммад Ғоиб дар Тоҷикистон ва берун аз он маҳбубияти хос дошта, муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Пойгаҳ», «Ватани Наврӯз», «Фархундапай», «Шоҳи Ҳамадон », «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон», «Каъбаи дил», «Подарок» (бо забони русӣ), «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст»  ва ғайра мебошад.

Соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, соли 2012 дорандаи медали ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин ва бо Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов гардидаст.

Исмоили Зарифӣ ба муносибаи зодрӯзи Устод чунин гуфтааст:

Ҳамчу ахтар ҳама шаб бедорӣ,
Ростқавл ҳастию хушгуфторӣ,

Баҳри сӯзондани ғам чун норӣ,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

«Турнаҳо»-ро бипаронӣ чун бод,
«Роҳи деҳа» ту набурдӣ аз ёд,

Кардӣ сад бому дареро обод,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

Шеъри ту ҳаст ба дил «Меҳри гиёҳ»,
Дорӣ бо «Хоки Ватан» роҳ ба Моҳ,

Аз сухан дорӣ ба худ хайлу сипоҳ,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

«Пойгоҳ»-ат «Ватани Наврӯз» аст,
«Партави нанг»-и ту ҷонафрӯз аст,

Қалбам аз шеъри ту ҳамчун рӯз аст,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

«Гавҳари меҳр» зи дил меборӣ,
«Каъбаи дил» ба сухан бардорӣ,

Баҳри дарди дили мо тӯморӣ,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

Фахр дорӣ ту ба «Шоҳи Ҳамадон»,
Дар кафи дасти ту бошад «Девон»,

«Сад ғазал» ҳаст туро дурри гарон,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

Шоири орифию марди тамом,
Парчам афрохтӣ аз шеър ба бом,

Некномист ба ту ҳусни хитом,
Зинда бошӣ ту, Муҳаммад Ғоиб!

 

ДАЪВАТ (шеъри Муҳаммад Ғоиб)

Гӯш ҳарфи роҳбар бояд кунем,
Дуртар роҳи назар бояд кунем.

Дасти нанги худ сипар бояд кунем,
Қатраҳоро ҳам гуҳар бояд кунем.

Дар ҳама майдон зафар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бонги заҳмат гар расад ҳар дам ба гӯш,
Мешавад неши раҳи тақдир нӯш.

Дар диёри рӯдҳои пурхурӯш
Ҳар қадам бояд, ки бошад сабзпӯш.

Хоки мулки хеш зар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бояд аз ҳар қуллаву кӯҳи баланд
Ибрат омӯзем, андӯзем панд.

Хоксоронанд гарчӣ дилписанд,
Сарбаландонанд ҳар ҷо арҷманд.

Боз тоҷи худ ба сар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Дигар аст имрӯз авзои ҷаҳон,
Мешавад пайдо балояш ногаҳон,

Дидаааш дом аст бар дилогаҳон,
Алҳазар аз ин раҳу аз ҳамраҳон.

Мо фақат бояд ба худ бовар кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Як замон машҳур дар дунё будем,
Байни навомӯзҳо доно будем.

Баҳри дармони ҳама Сино будем,
Соҳиби девону Мавлоно будем.

Хешро машҳуртар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Бояд аз абри ҳунар борон канем,
Аз танӯри умр бояд нон канем,

Роҳ сӯи қуллаи армон канем,
Баҳри русурхии миллат ҷон канем,

Хешро хуни ҷигар бояд кунем.
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

Дар канори меҳри ӯ растем мо,
Меҳр бар обу гилаш бастем мо.

Гулшан аст, аз накҳаташ мастем мо,
То қиёмат бо Ватан ҳастем мо.

Талхии ҳастӣ шакар бояд кунем,
Тоҷикистонро дигар бояд кунем!

 

АКС аз бойгонӣ

Март 16, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Қазоқистон доир мегарданд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ бо таърихи миллати тоҷик шинос гардиданд
Ҳамоҳангсози миллии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатрҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мегарданд
«ТАРОНАИ ШАРҚ». Дар Фестивали ХIII байналмилалӣ мусиқии суннатии тоҷик муаррифӣ мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Русия густариш меёбад
Роҳбарони хадамоти бойгонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд
Вобаста ба таҳияи лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Дар Британияи Кабир нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ баргузор мешавад
Даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст мегардад
Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид