ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

Март 11, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 11.03.2022. /АМИТ «Ховар»/.  Асри ХХI бо тамоми таҳаввулоташ барои ҷомеаи ҷаҳон мушкилоте эҷод намудааст, ки роҳи ҳалли онҳо дар сатҳи глобалӣ баррасӣ мегардад. Норасоии оби тозаи ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо имрӯз сабаби  нигаронии тамоми кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ гардидааст.  Дар чунин шароит нақши Воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар баррасии муаммоҳои экологӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Матбуот яке аз воситаҳои асосии тарғиби масоили экологӣ буда, нақши он дар баррасии муаммоҳои экологӣ муҳим аст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёд шудани шумораи нашрияҳову воситаҳои электронии ахбор назаррас буда, шаҳодати он аст, ки нақши журналистика чун институти иҷтимоӣ дар ҷомеа баланд гардидааст. Инсоният имрӯз шоҳиди ба вуҷуд омадани зуҳуроти зиёди табиию иҷтимоӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии обу ҳаво, мушкилоти демографӣ ва дигар масоили  марбут ба муҳити зист гаштааст.

Ҳамин аст, ки масъалаи муносибат бо табиат ва муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ба андешаи муҳаққиқони соҳа, дар ояндаи наздик талаботи хонанда ва шунавандаю бинанда ба асарҳои таҳқиқӣ, ҳалли проблемаҳои глобалии зиндагӣ ва ҳифзи муҳити зист зиёд мегардад. Нақши ВАО дар тарғиби сиёсати экологии мамлакат бузург буда, ба воситаи он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳалли масоили экологӣ бештар ҷалб мешавад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши ВАО дар баррасии муаммоҳои экологӣ имрӯз соатҳои 09:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” бо иштироки коршиноси соҳа, номзади илми филология, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Ёқубов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст