ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ДУШАНБЕ, 11.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Асри ХХI бо тамоми таҳаввулоташ барои ҷомеаи ҷаҳон мушкилоте эҷод намудааст, ки роҳи ҳалли онҳо дар сатҳи глобалӣ баррасӣ мегардад. Норасоии оби тозаи ошомиданӣ, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо имрӯз сабаби нигаронии тамоми кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ гардидааст. Дар чунин шароит нақши Воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар баррасии муаммоҳои экологӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Матбуот яке аз воситаҳои асосии тарғиби масоили экологӣ буда, нақши он дар баррасии муаммоҳои экологӣ муҳим аст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон зиёд шудани шумораи нашрияҳову воситаҳои электронии ахбор назаррас буда, шаҳодати он аст, ки нақши журналистика чун институти иҷтимоӣ дар ҷомеа баланд гардидааст. Инсоният имрӯз шоҳиди ба вуҷуд омадани зуҳуроти зиёди табиию иҷтимоӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, ифлосшавии обу ҳаво, мушкилоти демографӣ ва дигар масоили марбут ба муҳити зист гаштааст.
Ҳамин аст, ки масъалаи муносибат бо табиат ва муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ба андешаи муҳаққиқони соҳа, дар ояндаи наздик талаботи хонанда ва шунавандаю бинанда ба асарҳои таҳқиқӣ, ҳалли проблемаҳои глобалии зиндагӣ ва ҳифзи муҳити зист зиёд мегардад. Нақши ВАО дар тарғиби сиёсати экологии мамлакат бузург буда, ба воситаи он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ҳалли масоили экологӣ бештар ҷалб мешавад.
Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба нақши ВАО дар баррасии муаммоҳои экологӣ имрӯз соатҳои 09:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” бо иштироки коршиноси соҳа, номзади илми филология, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Ёқубов дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд






