Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар арафаи Иди Наврӯз ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии Нуробод кумаки моддӣ расонид
ДУШАНБЕ,18.03.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати эҳсонкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмаки моддӣ расонид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, кумаки мазкур аз 15 халта орд, 50 литр равған, 40 кг гӯшти гов, 50 кг биринҷ, 100 кг макарон, 50 кг шакар, 20 кг шоколад, 20 кг кӯлчақанд ва 300 адад дафтару ручкаро иборат гардида буд.
Роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Иди Наврӯз ба тамоми таълимгирандагони Мактаб — интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нурободро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуда, зикр карданд, ки дар асоси сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбат ба ятимону маъюбон ғамхорӣ зоҳир гардида, барои онҳо тамоми шароити зисту таълим ва тарбия муҳайё гардида истодааст.
Таъкид гардид, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат таълимгирандагонро зарур аст, ки бо баҳои аъло ва одоби намунавӣ таҳсил ва тарбия гирифта, ба давлату миллати худ софдилона хизмат намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар ятимони кул бо шароити хуби таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






