ЗАҲРО ҶӮЁ ДАР РАДИФИ 12 ЗАНИ ТАЪСИРГУЗОРИ ДУНЁ НОМБАР ШУД. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст толибонро ба ҳеҷ сурат ба расмият нашиносанд
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёcии амрикоии «Тайм» («Time») рӯзноманигори тоҷиктабори афғон Заҳро Ҷӯёро барои иқдоми «Эҷоди тағйир дар муҳити душвор» дар радифи 12 зани фаъол ва таъсиргузори ҷаҳон ҳамчун чеҳраи соли 2022 интихоб кардааст. Акси ин рӯзноманигори афғонистонӣ дар саҳифаи аввали ин маҷаллаи амрикоӣ нашр шудааст.
Гуфта мешавад, Заҳро Ҷӯё дар муҳити душвори фаъолият бо ба қудрат расидани Толибон* агентии иттилоотии «Rukhshana Media»-ро хориҷ аз Афғонистон роҳандозӣ намуд, ки он бештар мавзӯъҳои марбут ба занонро инъикос мекунад.
Бо сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон»* фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон ба мушкилот рӯ ба рӯ шуд ва аксар хабарнигорони касбӣ тарки кишвар намуданд.
Толибон* бо иҷрои сензур ва фишор бар расонаҳо барои фаъолияти озоди расонаҳо мушкилӣ эҷод мекунанд. Меъёрҳои тундгароёнаи онҳо на фақат кори хабарнигорон ва расонаҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст, балки фаъолияти хабарнигорони зан дар Афғонистон тақрибан ғайриимкон шудааст. Аксар рӯзноманигорони зани Афғонистон аз тарси таъқиби ин гурӯҳи тундрав ба хориҷ аз кишварашон гуреза ва паноҳанда шудаанд. Заҳро Ҷӯё аз ҷумлаи рӯзноманигорони занест, ки бо ба сари қудрат омадани толибон* Афғонистонро тарк кард. Дар чунин шароит таъсиси хабаргузории «Рухшона» аз сӯйи рӯзноманигори 29-сола Заҳро Ҷӯё яке аз иқдомҳои ҷасурона тавсиф шудааст. Ба зудӣ, дар моҳи декабри соли 2021 ин хабаргузорӣ ҷоизаи хабарнигории «Мэри Колвин»-и Британияи Кабирро соҳиб шуд.
Заҳро Ҷӯё дар гуфтугӯ бо маҷаллаи «Тайм» ҳарфҳоеро, ки гӯё толибон аз назари рафтор ва идеология тағйир кардаанд, рад мекунад: «Толибон гурӯҳе тундрав ва бунёдгаро аст ва ба ҳуқуқи башар ҳеҷ эътиқоде надорад», — мегӯяд вай.
Заҳро Ҷӯё дар сӯҳбат бо маҷалла аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки ба ҳеҷ сурат ин гурӯҳи террористиро ба расмият нашиносанд. Ӯ мегӯяд: «Музокирот миёни «Толибон»* ва давлати Амрико дар замони Президент Доналд Трамп, ки ба тавофуқ миёни ин ду тараф анҷомид, бидуни ҳеҷ намояндае аз давлати Афғонистон ё занон баргузор шуд. Дар ҳамон замон мушаххас шуд, ки хостаҳои занони афғон барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шаритконаш аҳаммияте надорад. Акнун ҳамаи занони Афғонистон ҳуқуқ, озодӣ ва умеди худро аз даст додаанд».

Хотиррасон мешавем, ки интихоби Заҳро Ҷӯё дар ин феҳристи 12-нафара дар ҳолест, ки дар соли 2021 маҷаллаи мазкур феҳристи 100 чеҳраи таъсиргузори ҷаҳон, ба шумули занҳоро нашр карда буд. Дар ин феҳрист аз Афғонистон рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон Маҳбуба Сироҷ ва инчунин роҳбари ҳаракати «Толибон»* Мулло Абдулғанӣ Бародар низ зикр шуда буданд. Интихоби Мулло Бародар дар ин феҳристи 100-нафара интиқодҳо ва хашми бархе аз коршиносони масоили Афғонистонро дар саросари ҷаҳон барангехта буд.
АКС: «ТOLONews»
__________________
*Ҳаракати террористӣ, ки дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон мамнуъ эълон карда шудааст









Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






