Имрӯз дар Душанбе маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфт

Апрель 1, 2022 17:12

ДУШАНБЕ, 01.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 350 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд, ки ин шумора 29,5%-и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ Умед Гуреззода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар маросими мазкур роҳбарону масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ихтиёриёни ҷавон, ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.


Дар маросим ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда, чун анъана маросими «Нонгазон» сурат гирифт.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида истодааст, ки бо дарназардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст.

Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омадааст, «комиссарҳои ҳарбӣ, раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд».

АКСҲО: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 1, 2022 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад