Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ- кафили бехатарии кӯдакону наврасон

Апрель 18, 2022 15:40

ХОРУҒ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мулоқоти кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид. Мақсади мулоқот- тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону наврасон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, ҳавасмандгардонии толибилмон барои омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, фароҳам овардани шароит барои фаъол гардондани корҳо оид ба таблиғи рафтори бехатар дар роҳҳои мошингард  мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мудири шуъбаи тарғибу ташвиқи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Муҳаммадҷон Тағоймуродзода зимни мулоқот иброз дошт, ки “дар чанд соли охир шумораи мошинҳо дар роҳҳои мошингарди шаҳри Хоруғ бамаротиб зиёд гаштааст ва аз ин рӯ ба пиёдагардон, бахусус  кўдакону наврасон зарур аст, ки дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ  маълумоти бештар дошта бошанд. Зеро надонистани ин қоидаҳо ба сар задани ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад”.

Синфхонае, ки дар он мулоқот баргузор гардид, бо воситаҳои гуногуни тарғиботӣ, овезаҳои ҷолиб бо муҳтавои содаву одӣ таҷҳизонида шуда буд. Мудири шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят гуфт, ки “омўзгоронро низ зурур аст, ки дар баробари нозирони роҳ бо хонандагон дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамеша суҳбат кунанд. Агар шогирдон аз хурдсолӣ  дар бораи ин қоидаҳо маълумот гиранд, он ҳамеша дар хотирашон ҳифз мешавад”.

Риояи қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ кафили асосии бехатарӣ буда, аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои автомобилгард пешгирӣ менамояд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад