Ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» дар шакли видеоконференсия баргузор гардид

Апрель 16, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел ҷаласаи 8-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирк намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама роҷеъ ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Япония, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, мубориза бо ҳамагирии COVID-19 таҳкими ҳамкорӣ  барои назорати сарҳад, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои рушд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, энергетика, саноат, тандурустӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва технологияҳои муосир ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкории хубро бо ҷониби Япония ба роҳ мондааст.

Дар фарҷоми нишасти мазкур ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо судманд дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» изҳор намуданд.

АКСҲО: ВКХ ҶТ 

Апрель 16, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд