Ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, амният, илм ва маориф баргузор гардид

Апрель 14, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки  дар реҷаи фосилавӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ«Ховар» хабар дод.

Аъзои комиссия дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи усулҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фондҳо», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (дар таҳрири нав)»,   «Дар бораи маблағҳои пулӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (дар таҳрири нав), «Дар бораи бонкдории сармоягузорӣ ва боваринок», лоиҳаи Низомномаи намунавӣ дар бораи филиалҳо ва намояндагиҳои Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони давлатҳои аъзои АБ  ИДМ-ро баррасӣ намуданд.

Аъзои комиссия ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои коршиносони назди Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки 2 марти соли 2022 баргузор гардид, табодули афкор ва аз рӯи пешниҳодҳои таҳиянамудаи Шӯро қарор қабул намуда, масъалаи ҳисобот дар бораи ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба Намояндаи ваколатдори парлумон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ-ро аз 22 феврали соли равон баррасӣ карданд.

Илова бар ин ширкаткунандагони ҷаласа маълумотро дар бораи натоиҷи кори комиссия дар соли 2021 шунида, пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи Нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар Иттиҳоди ИДМ барои солҳои 2023-2025-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон имрӯз  таҳти раёсати муовини раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба илм ва маориф, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон  Насиба Содиқӣ ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба илм ва маориф дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид.


Ёдовар мешавем, ки Насиба Содиқӣ дар ҷаласаи мазкур бори дуюм муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба илм ва маориф ба муҳлати  се  сол интихоб гардид.

Дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани ҳуқуқ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва  лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни намунавӣ «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», лоиҳаи таҳрири нави Кодекси иттилоотии намунавии давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Комиссия инчунин пешрафти якчанд тавсияҳоро дида баромад.  Дар байни онҳо Тавсияҳо оид ба равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба ташаккули системаи таҳсилоти муосири фармасевтӣ дар кишварҳои узви ИДМ, оид ба самтҳои ояндадори қонунсозии намунавӣ дар соҳаи илм ва маориф, танзими истифодаи зеҳни сунъӣ, танзим оид ба рақамикунонӣ дар соҳаи маориф, оид ба ташкили корҳои тарбиявӣ бо волидон ва фаъолияти ҷомеаи падару модарон ва тавсияҳо оид ба чораҳои муайян ва дастгирии кӯдакону ҷавонони лаёқатманд ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Илова бар ин, пешниҳодҳо оид ба Нақшаи дарозмуддати қонунбарории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025, натиҷаҳои кори комиссия дар соли гузашта, бозиҳои Делфии ИДМ, инчунин маълумот дар бораи съезди VI муаллимон ва маорифи халқи ИДМ, конференцияи «30-солагии ИДМ-  «Натиҷаҳо ва дурнамо», ки тирамоҳи соли 2021 баргузор гардид ва маълумот оид ба омодасозии конфронси байналмилалии «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии рушди рақамии ҷомеа» баррасӣ гардиданд.

Инчунин дар Қасри Таврическии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, қароргоҳи АБ ИДМ ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ  оид ба мудофиа ва амният  ба таври маҷозӣ баргузор шуд, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар реҷаи фосилавӣ иштирок кард.

Дар оғози ҷаласа масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Аъзои комиссия Раис ва муовинони ӯро интихоб намуданд. Сипас, дар ҷаласаи комиссия  дар маҷмӯъ якчанд қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ»,  «Дар бораи низоми ягонаи даъвати хадамоти фаврии таъҷилӣ», «Дар бораи амнияти сарҳад», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти сарҳадӣ», ки қабули онҳо ба такмили қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ дар минтақаи сарҳадӣ мусоидат мекунад, баррасӣ гардида.  ба муҳокимаи пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ пешниҳод гардид.

Ҳамчунин аъзои комиссия натиҷаҳои кори комиссия дар соли 2021 ва пешниҳодҳо оид ба нақшаи дарозмуддати қонунсозии намунавӣ дар кишварҳои ИДМ барои солҳои 2023-2025-ро баррасӣ намуданд.

Дар кори ҷаласаҳо ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханронӣ намуд.

АКСҲО: МН МО ҶТ

Апрель 14, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиндустон ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи иҷтимоӣ кумаки грантӣ мерасонад
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардиданд
Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар муколамаи вакилони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Насиба Содиқӣ бори дуюм муовини раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба илм ва маориф интихоб гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода дар ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон Шартнома миёни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа баррасӣ шуд
Доир ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» машварати илмӣ-назариявӣ доир шуд
Ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди АБ ИДМ баргузор шуд
Саидмурод Фаттоҳзода ва Тзи Шумин дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ намуданд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳлил ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ машварат доир гардид
Ҷаласаи навбатии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ дар Тошканд баргузор мешавад
Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон якчанд қарори дахлдор қабул шуд