Ҷалби сармоягузорони Русия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон ба манфиати ҳарду давлат аст

Апрель 16, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 16.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми мубодилаи мол дар соли сипаригардида миёни Тоҷикистон ва Русия ҳудуди  беш аз 1,3 миллиард доллари амрикоиро  убур намуд, ки ин омор зарфи даҳ соли охир баландтарин  нишондиҳанда арзёбӣ мегардад. Чунин зикр шуд, дар ҳамоише, ки дирӯз дар Душанбе бо ҳузури доираҳои тиҷоратию сармоягузории  Федератсияи Русия  ва кормандони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир гардид, гузориш медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, ҳадафаш баррасии ҷалби бештари сармоягузорони Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат, аз ҷумла саноат, инноватсия ва соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир, мушовири фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков, Раиси  Шӯро оид ба ҳамкории  тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия  Муҳаммад Сурхов ва дигар намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия, ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон дар шароити  буҳрони молиявӣ, имконият ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар самти иқтисоду тиҷорат ибрози назар намуданд.


Зикр шуд, ки Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии стратегӣ ва иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон буда, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар  дар партави иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин беш аз пеш густариш меёбад.

Зарфи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ  миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 290 созишномаи байнидавлатӣ, байни мақомот ва байниҳукуматие, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шуданд.

Таъкид шуд, ки  Русия дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон  мавқеи пешсаф дорад. Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,7 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Соли гузашта содироти  молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфта,  аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи  72,5 миллион доллар маҳсулот содирот  карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиш бо иштироки доираҳои сармоягузории Русия  ба таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия бахшида шудааст. Зимни баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия иштирокдорони   ҳамоиш  пешниҳодоти муфид баён намуда, ба сатҳи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия баҳои баланд доданд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар Раиси  Шӯро оид ба ҳамкории тиҷоратӣ миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Русия  Муҳаммад Сурхов иброз дошт, «бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳайати калон ва бонуфузи  сармоягузорону тоҷирони Русия, ки аз минтақаҳои гуногуни ин кишвар  мебошанд,  зарфи се рӯз аст дар Тоҷикистон қарор доранд. Онҳо ба минтақаҳои гуногуни  Тоҷикистон-  Суғд, Хатлон, Бадахшон, навоҳии тобеи марказ  ва шаҳриДушанбе сафар карда, бо зарфияту имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, инноватсия ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон шинос  мешаванд ва санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд
Дар Душанбе нахустин мағоза бо бренди «Тоҷикзамин» ифтитоҳ гардид
Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд