БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 17.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Дар ин бора зимни баргузории ҷаласа бо иштироки Раиси вилоти Хатлон зикр гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба ҳолати 1 апрел 140 адад бинову иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар се моҳи аввали соли равон дар 12 мактаб 78 синфхона барои 1950 ҷойи хониш, 11 адад муассисаи амбулаторӣ барои қабули 110 бемор дар як баст, инчунин 108 адад марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки давоми 3 соли омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон зиёда аз 8300 иншоот ба истифода дода шуда, 40 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтанд.
Раиси вилоят доир ба зарурати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъмини шароит барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самарабахши замин ба масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳо дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






