«БАҲОРИ ТОШКАНД». Фестивали VI байналмилалии опера ва балет чунин унвон гирифтааст
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд Фестивали VI байналмилалии опера ва балети «Баҳори Тошканд» оғоз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АМИ «УзА».
Дар саҳнаи куҳантарин театри мамлакат давоми даҳ рӯз мухлисони санъатро ҳамроҳ бо ҳунарпешагони узбек ситораҳои опера ва балети Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои хориҷӣ шод менамоянд.
Дар рӯзҳои баргузории фестивал ба самъи дӯстдорони санъати опера ва балет намоишҳое, чун «Травиата»-и Жузеппе Верди, «Арӯси подшоҳ»-и Николай Римский-Корсаков, «Лючия ди Ламмермур»-и Гаэтано Донитсетти, қисми хореографии операи «Княз Игор»-и Александр Бородин («Рақсҳои половетсӣ»), «Шопениана»-и Фредерик Шопен ва дигар осори классикони ҷаҳон пешкаш карда мешаванд.
Фестивали VI байналмилалии опера ва балети «Баҳори Тошканд» бо тафсири нави балет — спектакли оҳангсоз Анвар Эргашев «Ҳумо» оғоз мешавад.
АКС: АМИ «УзА»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






