Ба шарафи 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон конфронсҳои илмӣ доир мешаванд

Апрель 14, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илму маориф  дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Мудири Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Узбекистон Анвар Носиров дар Тошканд баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Мусоҳибон дар ҷараёни  мулоқот доир ба ташкили  ҳамоишу конфронсҳои илмӣ дар иртибот ба таҷлили 30-солагии барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон табодули назар намуда,  ба мувофиқа расиданд.

Дар назар аст, ки танҳо моҳи апрел миёни Пажӯҳишгоҳ ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон се чорабинии илмии маҷозӣ баргузор карда шаванд.

Дар оянда баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 14, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд